Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Нуробод
Санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Нуробод бо иштироки намояндаи шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм, масъулини раёсати Амонатбонк, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва нафақагирон чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ гузаронида шуд.
Нахуст намояндаи Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон Шарипов Ҳайбулло оид ба муҳимияти саводнокии молиявӣ ба аҳолӣ ва бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ суханронӣ намуданд. Зимнан, кормандони дастгоҳи марказии раёсати Амонатбонк Буриев У. ва Файзуллоев З. бо рунамо дар мавзӯъҳои “Пул ва идоракунии он”, “Буҷаи оила”, “Пешгирӣ аз қаллобон ва бартарияти кортҳои бонкӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Дар идома миёни мактаббачагон озмуну викторинаҳо оид ба идоракунии пул гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат бо коррупсия гардиданд ”
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Амонатбонк













