Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Амонатбонк
19 март 2026
Санаи 19-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандони Амонатбонк аз ҷашни фархундаи Наврӯзи хуҷастапай бо шодив нишоту фараҳ таҷлил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ тамоми анъанаҳои неки Наврӯзӣ аз қабили пухтани суманак, оростани дастурхони ҳафтсину ҳафтшин риоя шуда, ба мизоҷони Бонк ҳамчун армуғони Наврӯзӣ суманак тақдим карда шуд.
Аз омад омади баҳори нозанин ва ҷашни фархундаву таърихии Наврӯз бошад маликаи Баҳор паём оварда, ба ҳамагон саодатмандиву файзу баракат таманно намуданд.
Чорабинӣ бо танини таронаҳои дилнишин ва рақсу шодии кормандон идома ёфт.













