Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар Амонатбонк

06 март 2026

Санаи 06-уми марти соли ҷорӣ дар раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки раиси раёсати Бонк Салимзода А.А., муовинони раиси раёсат, шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва ҳайати кормандон бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз роҳбарияти Бонк занону бонувонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Модар сарчашмаи њаёт, рамзи мењру вафо, покиву самимият ва мактаби нахустини инсоният башумор меравад. Маҳз оғӯши гарму дуои неки модар инсонро ба роҳи рост, ба илму маърифат ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳнамун месозад.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ зимни ироаи табрикот ва суханронии хеш аз бузургии Зан-модар ҳарф зада, қайд намуданд, ки модарон на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки пояи устувори ҷомеа, нигаҳбони арзишҳои миллӣ ва омили муҳими пешрафти давлат мебошанд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ ба хотири бузургдошти нахустин бонуи суханвари тоҷик, шоираи тоҷику форс Робияи Балхӣ намоиши зебое пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ашъори ноби ин бонуи шуҷоатманд ва суханвар шеърҳои пурмазмун қироат гардид.

Дар идома як қатор занону бонувони фаъоли Бонк ҷиҳати заҳмату меҳнати софдилона ва фаъолияти назаррас бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Танини суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандони маҳбуби диёр анҷомбахши чорабинии бошукуҳ ба ифтихори Рӯзи Модар буд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк