Чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

16 март 2026

Бо Қарордоди Ассамблеяи кулли Созмони Милали Мутаҳид аз 9-уми апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои ИДМ аз 25-уми ноябри соли 2011 ҳамасола дар ҷаҳон 15-уми март ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.

Вобаста ба ин, санаи 13-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳи мазкур чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ доир гардид.

Нахуст масъулини Амонатбонк бо рўнамо баромад намуда, баён доштанд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки милии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Дастурамалҳои бонки милии Тоҷикистон: №241 «Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ» ва №242 «Дар бораи талабот ба нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ» ба танзим дароварда шудааст.

Қайд гардид, ки истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки оид ба маҳсулотҳои бонкӣ, ҳаққи хизматрасонӣ, муҳлат, фоиз, хавфҳо ва дигар шартҳои маҳсулоти бонкии пешниҳодгардида пеш аз имзои шартнома, маълумоти пурраро талаб намояд.

Бонк вазифадор аст, ки маълумот дар бораи ҳолати молиявии муштарӣ, воситаҳои пардохтӣ ва дигар маълумотҳое, ки ифшои он ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ мерасонад, ба шахси сеюм пешниҳод накунад (Моддаи 48 ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ).

Баромадкунандагон ба ҳозирин маълумот доданд, ки мизоҷони Бонк метавонанд ҳангоми сар задани ягон нофаҳмиҳо, пайдо шудани баҳсу мунозираҳо ё инки суол вобаста ба самти фаъолияти Амонатбонк ба Маркази тамоси Бонк (Call centre) тариқи рақами 1885 муроҷиат намоянд.

Дар раванди чорабинии омўзишӣ аз ҷониби донишҷўён саволҳо пешниҳод гардида, масъулини Бонк ба онҳо пурра посух доданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк